Вазъи сироят ба коронавирус дар олам. Тозатарин хабарҳо

Комиссияи Аврупо ба ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо иҷозаи воксани ширкати амрикоии Pfizer ва шарики олмонии вай BioNTech –ро барои кӯдакони 12-15-сола иҷозат дод.

41% сокинони ИМА зидди коронвирус пурра эм карда шуданд. Бино бар арзёбии Марказҳои назорат ва пешгирии бемориҳо 135 миллион амрикоиҳои аз 12-сола боло пурра эм карда шуданд. 

Кишваҳое, ки сироятшудаи бештар ба вируси корона доранд:

ИМА — 34 047 062

Ҳинд — 28 173 655

Бразилия — 16 545 554

Фаронса — 5 667 324

Туркия — 5 249 404

Русия — 5 071 917

Дар Олмон низ беш аз 40% сокинон зидди КОВИД-19 эм шудаанд. 

Ҳукумати Ҷумҳурии Қибрис Русияро қатори кишварҳои навъи “сурх” гузошт. 

Президенти Туркия Раҷаб Тайит Эрдуғон аз қисман лағв карда шудани маҳдудиятҳои зидди коронаӣ хабар дод. 

Дар Миср бо қарори ҳокимони ин кишвар дигар рафтан ба тарабхонаву ошхонаҳо ва марказҳои савдо маҳдудияте надорад.

Вазорати корҳои хориҷии Чин пешниҳоди Конгресси ИМА дар мавриди дубора санҷидани хуруҷи коронвирусро ба боди интиқод кашид. Намояндаи расмии ин вазорат Ван Вэнбин гуфтааст, ки дар масъали ҷустуҷӯи сабабҳои аввалияи хуруҷи вируси COVID-19 бояд донишмандон машғул шаванд, на сиёсатмадорон.

Дар Украина зарфи як шабонарӯзи гузашта 1022 ҳодисаи нави сироят ба SARS-CoV-2 сабт шудааст.

Зарфи 24 соати сипаришуда дар Русия 8485  ҳодисаи сироят ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Ҳодисаи нави мубталоӣ дар 83 минтақаи ин кишвар сабт шудаву 13,2% дарсади беморон аломати ин бемориро надоштанд.  

Зарфи шабонарӯзи гузашта дар Қазоқистон 1405 ҳодисаи нави сироят ба коронавирус сабт шудааст, дар Қирғизистон бошад шумори умумии гирифторони ин беморӣ ба 104 729 нафар расидааст.

Дар Ӯзбекистон аз дирӯз, 31-уми май марҳилаи сеюми эмкунӣ зидди КОВИД-19 оғоз шуд. То кунун дар ин кишвар 100 335 нафар чун мубтало ба  Covid-19 сабт шудаанд.