Шаш ғарқшудаи як рӯз дар вилояти Суғд. Марги чор наврас аз як деҳа. Наҷоти як бонуи 35-сола

Панҷ марг ва чаҳор навраси орзу ба хокбурда. Ва ин чор наврас ҳамагӣ сокинони як рустоянд ва шояд хешу табор ҳам бошанд. Ва боз ҳам қисса аз беназоратии волидон. Киро метавон гунаҳгор донист? Маълум нест ин чаҳор нафар аз Истаравшан бо кӣ ва кай Хуҷанд рафтаанд. Тафсилоти рӯйдод таҳқиқи дигар мехоҳад. Вале он чӣ рух дод, мудҳиштарин фоҷеаи рӯз буд...

Ин ҳодисаи мудиҳиш рӯзи 07 июли соли равон, соати 15:10 дақиқа рух дод ва бино ба гузориш чор наврас дар рӯди пуртуғёни Сир ҳангоми оббозӣ дар ҷойи мамнӯъ дар гирдоби мавҷ андармон шуданд ва ғарқ гаштанд.

Баъд дарёфти ахбори фаврӣ гуруҳи наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд ва ҳамроҳ бо зумрае аз сокини минтақа корҳои ҷустуҷӯ ва наҷотро ба роҳ монданд.

Дар як муддати кутоҳ ин чор ҷасад пайдо ва ба мақомоти дахлдор супурда шуданд.

Маълум гардид, ки ин чор нафар зодагону истиқоматкунандагони деҳаи Ниҷонии шаҳри Истаравшан будаанд.

Дар ҳамин ҳол аз марги як тани дигар, шаҳрванди 24-солаи ҷамоати шаҳраки Чоруқдаррони шаҳри Гулистон гузориш мерасад, ки ӯ низ ҳангоми шиноварӣ дар мавзеъи манъшудаи дарёи Сир аз  беэҳтиётӣ ғарқ шудааст. Ҷасади номбурда аз ҷониби имдодгарони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд бо ҳамдастии мардуми маҳал пайдо ва ба мақомоти интизомии кишвар супурда шуд.

Аммо баъд аз зӯҳри рӯзи гузашта имдодгарони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд муваффақ ба наҷоти як хонуми 35-солаи маҳаллаи Чашмаи шаҳри Хуҷанд шуданд.

Тибқи гузориш ин бону низ дар макони барои оббозӣ мамнӯъ шиноварӣ мекард ва ғарқ шуд.

Дарёфти фаврии хабар ва вокуниши сареъ имкон дод, ки ҷони ӯ наҷот дода шавад.