Рӯзи дарҳои боз барои мактабиён дар Маркази таълимии КҲФ (ВИДЕО)

12 октябри соли 2021 дар доираи нақшаи тасдиқшудаи Кумита оид ба гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки ҳамасола 13 октябр таҷлил карда мешавад, дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ - методии КҲФ бо иштироки донишҷӯёни шаҳри Душанбе ва кӯдакони имконияташон маҳдуд чорабинии варзишӣ баргузор шуд.

Ин чорабинӣ аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо созмони “Ирода” – Ташаббуси волидони фарзандонашон гирифтори Аутизм, литсеи №1 барои бачаҳои болаёқати шаҳри Душанбе бо дастгирии молиявии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда полковник Ҷамшед Камолов иштирокчиёнро хайрамақдам гуфт. Зимни суханронии худ ӯ дар бораи таърихи қабули ин рӯз, фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва аҳамияти риояи қоидаҳои бехатарӣ дар ҳама ҳолатҳои ҳаёт маълумот дод.

Инчунин, бо донишомӯзон дар бораи чораҳои муҳофизат аз сирояти коронавирус ва истифодаи воситаҳои муҳофизати инфиродӣ сӯҳбат гузаронида шуд.

Ба иштирокчиёни чорабинӣ заминаи таълимию моддӣ ва синфҳои тахассусии Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумита, инчунин муаррифии мултимедиявии «Дар бораи таърихи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва фаъолияти он» нишон дода шуд.

 Ба кӯдакон оид ба фаъолияти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда муфассал маълумот дода шуд, техникаи махсус ва воситаҳои гуногуни наҷот ва баъзе амалҳои наҷоти офатрасидагонро амалан нишон доданд. Ба онҳо дар бораи кумакҳои аввалияи тиббӣ маълумот доданд ва воситаҳои ёриҳои фаврии тиббиро низ аз бемористони КҲФ намоиш доданд. 

Бахусус ба бачаҳо амали дастгоҳҳои паррони бесарнишин, ки имдодгарон ҳангоми муайян кардани минтақаҳои хатарноки табиӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулода истифода мекунанд, хуш омад.

Сипас иштирокчиён бо қоидаҳо ва талаботи чорабинии варзишӣ шинос шуданд. Онҳо якҷоя дар бозиҳои варзишии зерин ширкат варзиданд: гузаштани роҳ бо монеаҳо, кашидани арғамчин, партоби тӯб ба сабад, давидан, ҳамчунин расонидани кӯмак  ва интиқоли “зарардида” дар занбарҳо, дар вақти муайян ва босуръат пӯшидани камзӯлҳои ҳимояи фардӣ.

Дар рафти чорабинӣ бачаҳо чусту чолокӣ, омдагиҳои хуби ҷисмонӣ ва маҳорати кор дар дастаҳоро нишон доданд. Аммо муҳимтар аз ҳама онҳо дар бораи кори наҷотдиҳандагон тасаввурот ҳосил карданд ва амалҳои онҳоро иҷро намуданд, ки ин хеле таассурот бахшид. Бисёриҳо ҳатто изҳор доштанд, ки оянда мехоҳанд аз ҷумлаи наҷотдиҳандагон бошанд.

Дар поёни чорабинӣ ба ҳамаи ширкаткунандагон дипломҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд.