Омӯзишҳо бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо дар Турсунзода

Шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода бахшида ба «Рўзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ»  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35-и шаҳри Турсунзода  чорабинӣ дар мавзўи «Заминларзаи шаддид» баргузор кард.

Дар ин чорабинӣ  1080 нафар хонандагон, 67 нафар омўзгорон ва 15 нафар ҷонишинони бахши таълими муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намудаанд.

Барои ширкаткунандагон дар бораи заминларза ва сабабҳои рух додани он, паёмадҳо ва қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми такони замин маълумот дода шуд.

Ба онҳо гуфта шуд, ки ҳар сол дастгоҳҳои зилзиласанҷии олам бештар аз миллион заминларзаро ба қайд мегиранд. Афзоиши нуқтаҳои мушоҳидаи заминларза ва такмиили ҷунбишҳои сейсмикӣ имкон дод, ки ҳар даҳсола назар ба даҳсолаи пеш шумори бештари зилзилаҳо дар умқи Замин сабт шаванд. Агар аввали солҳои 1900 наздик ба 40 заминҷунбии то 7 балл ва аз он бештар ба қайд гирифта шуда бошад, пас дар асри 21  шумори онҳо дар як даҳсола то ба беш аз 4000 адад расид.

Гурӯҳе аз донишмандони Пажӯҳишгоҳи технологии Карлсруэ чор сол пеш натиҷаи як таҳқиқотро расонаӣ карда буданд, ки тибқи он аз соли 1900 то соли 2015 сабаби наздик ба 40% зарари иқтисодӣ дар олам сел буд ва 25 дарсади ин зарарҳо бар асари заминларзаҳо ба иқтисоди олам расиданд. Ин донишмандон муддати дурудароз таҳқиқотҳо аз бойгониҳои олам бо беш аз 90 забонро дар бораи зилзилаву, селҳо, хушксолӣ, тӯфонҳо, сӯхторҳо ва вулқонҳоро омӯхта, ба ин натиҷа расиданд. Хулосаи ин пажӯҳиш ба Анҷумани аврупоии илмҳо дар бораи Замин пешниҳод шуда буд.

Заминларза дар Тоҷикистон як хатари хеле ҷиддӣ барои дарозмуддат дониста мешавад.

 

С.Ҳоҷиев, Сардори шуъба, подполковник.

барчасп: