Covid-19: Мавҷи нав ва изтиробангези сироят дар Аврупои Шарқӣ. Чин ҳамватанони сироятшуда ба коронавирусро ба Пекин роҳ намедиҳад

Бино ба гузорише, ки ахиран ВВС интишор дод, Британияи Кабир дар суръати афзоиши сироят ба  Covid-19 аз ҳама давлатҳо пешӣ гирифтааст, вале ҳукумати ин кишвар талоше барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои нав надорад. Мавҷи нави сироят ба коронавирус кулли давлатҳои Аврупои Шарқиро фаро гирифтааст. Ин аслан ҳамин  мамолике мебошанд, ки ба теъдоди камтар аз дигарон аҳолиашон воксан гирифтаанд. Чин бошад ахиран тасмим гирифтааст сироятёфтагон ба коронавирус аз шаҳру вилоятҳоро ба пойтахт роҳ надиҳад.

Бино ба оморе, ки Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинз интишор дод, зарфи 28 рӯзи охир шумори умумии сироятшудагон ба Covid-19 наздик ба 12 миллионро ташкил додааст ва 199 ҳазор нафар дар ин муддат ҷон бохтаанд. Ин манбаъ мегӯяд дар айни замон сирояти ҳафтаина дар қиёс ба тобистон чандон боло нест, вале ҳафтаи гузашта дар саросари олам 2,9 миллион нафар ба ин беморӣ мубтало шуданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки моҳи августи гузашта сирояти ҳафтаина ба Covid-19 то ба 4,5 миллион нафар мерасид. 

Бо вуҷуди ҳамаи ин дар бисёре аз кишварҳои олам мавҷи нави сироят ба Covid-19  мушоҳида мешавад. Бештар он дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ, аз ҷумла дар Русия ва Британияи Кабир авҷ гирифтааст.  

Бино ба маълумоти Бюрои миллии омори Британияи Кабир ҳоло аз 55 британиёӣ 1 нафар гирифтори коронавирус аст. Аммо марг аз Covid-19 дар Британия назар ба Русия ва Укриана камтар аст. Таҳлилгарон сабаби инро дар ваксангирии муваффақонаи сокинони ин кишвар мебинанд. То ба ин дам 67 дарсади аҳолии Британияи Кабир пурра зидди коронавирус эм шудаанд.  

Ахиран Агентии дорувории Аврупо (ЕМА) омӯзиши дору барои табобати COVID-19 барои калонсолонро тезонд.

Дар Афғонистон бар асари сироят ба коронавирус 7 260 нафар ҷон бохтаанд ва 127 836 нафар пурра муолифҷа шудаанд. Шумори умумии мубталоён 156 040 нафар эълон шудааст.