Се амалиёти наҷот то ва баъди Соли нав

Рӯзи охири соли гузашта дастаҳои наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражадании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ду маротиба аз қароргоҳи худ барои наҷоти одамон дар лифтҳои харобшуда берун шуданд ва ин ду бор ҳам ду бонуи дар дохили лифтҳо бандмондаро солим берун оварданд.

Даъвати аввал аз ҷониби як сокини кӯчаи Зарафшон-1, бинои М-11 буд, ки мегуфт дар дохили лифт мондаву илоҷи бурун шудан надорад. Ин лифт баъди ҳаракат дар миёни ошёнаҳо вайрон шудааст.

Ин ҳодиса соати 11:36 дақиқа рух додааст ва кормандони наҷот ба ҷойи воқеъа расида дари лифтро бо таҷҳизоти махсус боз намуда, сокини дар дохили он мондаи биноро берун оварданд. 

Ҳодисаи дувум низ рӯзи 31-уми декабри соли 2021 ва он ҳам нисфирӯзӣ, соати 14:39 дақиқа дар кӯчае воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рух додааст. Бино ба хабари сокинон лифт дар миёни ошёнаҳо вайрон шудааст ва пиразани 85-сола дар дохили он мондааст.

Кормандони имдоди Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса шитофта, сокини дар лифтмондаро наҷот додаанд.

Дар ҳарду маврид ҳам сокинон солим буданд ва ниёз ба кумаки тиббӣ надоштанд.  

 

Аввалин иқдоми наҷот дар Соли нав

Аммо бегоҳии рӯзи 1-уми январ дастаи наҷоти Кумита аввалин амали имдодро дар соли 2022 дар кӯчаи ба номи Аҳмади Дониши пойтахти кишвар анҷом дод.

Соати 16:13 дақиқа ба навбатдори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як сокини ин кӯча хабар дод, ки ба сабаби фарсуда будани қубури обгузари бинои 22 он сӯрох шуда, таҳхонаи бино пур аз об шудааст. 

Дастаи наҷот ба ҷойи ҳодиса эъзом шуд ва соати 17:33 дақиқа ин хатар бартараф карда шуд. 

барчасп: