Падруд бо парчами қисми ҳарбӣ низ як бахш аз маросими хайрбоди сарбозон аст

Аскарбачаҳои хитматхатмкарда ҳоло бо Парчами қисми ҳарбӣ, ки ду сол бо он буданд, падруд мегӯянд. Ин худ як маросими диданиву дилкашест. Рӯзе қабл 71 нафар сарбозоне, ки муддати ду сол дар се қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хидм ати Ватанро адо мекарданд, бо ширкат дар як маросими тантанавии хайрбодӣ бо парчами қисми ҳарбии худ низ видоъ карданд.

«Ман аз он худро хушбахт медонам, ки дар қисми ҳарбии идораи наҷот хидмат кардам ва ҳоло онро ба поён мебарам. Аз он хушам, ки қарзи Ватанро иҷро кардам ва ҳоло сарбозе ҳастам, ки рухсат мешавам, вале ҳамеша омодаи хидмат ҳастам. Аз ҳамсолонам, аз ҷавонони шуҷоъ мехоҳам пайроҳаи маро тай кунанд ва қарзи Конститутсионии худро адо намоянд”, - гуфт дар суҳбат сержант Мирзошариф Сангинов.

Вай ба роҳбарияти Кумита, фармондеҳони қисми ҳарбӣ, афсарон дар бораи ғамхории ҳамешагиашон ба сарбозон изҳори сипос кард.

Дар маросими хайрбоди сарбозон роҳбарони Раёсати қушунҳои Кумита ширкат карданд

Ин гуна маросимҳои гусели сарбозони хидматкарда дар қисмҳои дигари ҳарбӣ низ баргузор мешаванд.