Ду садамаи маргбори дирӯз. 4 нафар ба ҳалокат расиданд, ки ду нафарашон бародарон буданд

21 апрели соли 2022 соати 09:20 дар роҳи мошингарди Ваҳдат-Файзобод, дар наздикии шаҳри Ваҳдат мошини тамғаи “Ҳундай”, ки аз ҷониби як сокини 30-солаи шаҳри Ваҳдат идора мешуд, дучори садама шуд. Ин мошин бо суръати хеле баланд меомад ва ронанда аз уҳдаи идораи он набаромад ва аз роҳи аслӣ хориҷ шуда, дар самти муқобил бо мошини тамғаи “Опел-Вектра”, ки онро як шаҳрванди 31-солаи Ваҳдат идора мекард, бархурд.

Бар асари захмҳои шадид ронанда ва мусофири мониши “Опел-Вектра” дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Ҳафт нафар аз ду мошин бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуданд. 

Ҳодисаи дуюм дар қаламрави ноҳияи Варзоб рух дод. Дар километри 22 роҳи мошингарди Душанбе – Варзоб мошини тамғаи “Опел Астра”, ки онро як сокини 22-солаи шаҳри Душанбе идора менамуд ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Хуҷанд ба Душанбе  ба мошини боркаши “Дулан” бархурд.

Дар ин ҳодисаи нохуш ронанда ва мусофири мошини “Опел Астра”, ки бародарон буданд, дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуданд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо ронандагонро ҳушдор додааст, ки бо боло бурдани суръати ҳаракат ва риоя накардани қоидаҳои ҳаракат сабабгори фоҷеаҳо нашаванд ва ҷони худу ҷони ҳамсафарон ва пайвандону атрофиёнро ба хатар нагузоранд.

Мутаассифона, тавсияҳо аз ҷониби ронандагон нодида гирифта мешаванд ва ин боис мегардад, ки шумори ҳодисаҳои нохуши нақлиётӣ дар кишвар афзояд, одамон ба ҳалокат расанд ва ё маҷруҳ гарданд.

барчасп: