Гармои шадиду об шудани пиряхҳо. Хатари омадани селҳо дар навоҳии кӯҳӣ. Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 13-14-уми июли соли равон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи ҷумҳурӣ, ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ эҳтимоли омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад.

Дар ҳамин иртибот Кумита бори дигар ба аҳолӣ муроҷиат мекунад, ки чораҳои бехатариву амниятиро риоя кунанд. Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ, гуфтаанд. Сари вақт тоза кардани селроҳаҳо ва ҷӯйбори назди хонаҳо гарави аслии зери сел намондани манзилҳои истиқоматӣ ва киштзорон аст.

Дар ин гуна рӯзҳо талош кунед аз рафтан ба моҳидорӣ, ғунучини ҳезуму доруворӣ, шикор ва чорвочаронӣ худдорӣ намоед. 

Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва гузар аз маҳалҳое, ки эҳтимоли омадни сел доранд, эҳтиёт кунанд. Риояи қоидаҳои бехатарии ронандагӣ хеле муҳим аст. 

 

МАТОЛИБИ ҲАМСОН:

барчасп: