Шиддати гармо дар Аврупо. Ҷангалҳо оташ мегиранд, ҳазорон нафар аз маконҳои худ фирор мекунанд (ВИДЕО)

Сар аз ҳафтаи ҷорӣ саросари Аврупоро мавҷи гармо фаро гирифт обуҳавшиносон ҳолати бамаломадаро нигаронкунанда меномаанд. Рӯзи сешанбе дамои ҳаво дар Британияи Кабир гармтарин рӯзи сол буд. То нимирӯзи дар графигарии Суррей ҳарорат ба 39 1°С расид. Охирин бор соли 2019 дар Кембриҷ дамои ҳаво ба  38,7°С расида буд ва ҳоло ин рекорд шикаста шуд. Каме баъдтар эълон гардид, ки дар Хитроу дамои ҳаво ба  40,2°С расидааст ва он метавонад ҳамчунин то ба 42 дараҷа боло равад.

Гармои шадид боиси оташсӯзии бешаҳо дар Фаронса шуд. Аз қисмати ҷанубу ғарби ин кишвар беш аз 30 ҳазор нафар ба макони дигар интиқол дода шуданд. Ҳамчунин ҳазорон ҷонварони боғи ҳайвоноти Нанта низ интиқол дода шуданд.

Дар департаменти Жиронда оташ алакай 17 ҳазор гектар ҷангалзорро ба коми худ кашид. 

Дар шимоли Испания дамои ҳаво ба 42 дараҷа расид. Дар ин кишвар ҳаракати қаторҳо низоми ҳамарӯзии худро хароб кард, чун сӯхтор дар бешаҳо ҷо-ҷо роҳҳои оҳанро ҳам аз дарахтони сӯхта пур кард.

Аз Юнон низ дар мавриди ҳавои шадидан гарму оташсӯзии ҷангалҳо гузоришҳо мерасанд. Рӯзи сешанбе ду узви як оила, марду зани солманд ҳангоми интиқолашон ба макони дигар дар дохили мошини оташгирифта сӯхта ба ҳалокат расиданд. 

Ҳаво дар Португалия ахиран 47°С гарм шуд, ки ин дар гузашта собиқа надошт. Дар ин кишвар ҳукуматдорон ҳоло аз он бим доранд, ки ҳаводиси соли 2017, ки бар асари гармои шадид 66 нафар ҳалок шуда буданд, такрор нашавад.

Даҳҳо нафар дар кишварҳи мухталифи Аврупо аз шиддати гармо макони будубошашонро тарк мекунанд, аз ҳалокати даҳҳо нафари дигар хабар дода мешавад.