Машқҳо ва санҷишҳои ғайринақшавии Кумита

Дар асоси Нақша - чорабиниҳо оид ба иҷрои қарори ҷаласаи ҳайати Мушовараи Кумита 13 то 18 феврали соли 2023 дар ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Ҳисор, Варзоб, Ваҳдат, Файзобод ва Рӯдакӣ аз ҷониби кормандони Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва Сарраёсати мудофиаи граждании Кумита санҷиши минтақаҳои хавфнок гузаронида шуданд.

Ҳамзамон, тибқи банди 8-и Қарори ҷаласаи Мушовара машқи ғайринақшавии Низоми ягонаи давлатӣ оид ба пешгирии офатҳои табиӣ пеш аз мавсими селу обхезиҳо дар минтақаҳои хавфноки аввалиндараҷаи ҷамоъатҳои деҳоти ноҳияҳои Шаҳринав, Файзобод ва Рӯдакӣ гузаронида шуд.

Дар рафти чорабинӣ бо ҷалби техникаҳои муҳандисӣ, ҳайати роҳбарикунанда ва аҳолӣ корҳои пешгирикунанда аз қабили тоза намудани селроҳаҳо ва гузаронидани корҳои соҳилбандӣ дар мавзеъҳои хавфнок гузаронида шуданд.

Бо ањолии мањаллањои номбурда аз ҷониби кормандони Кумита  корҳои фањмондадеҳӣ оид ба амали аҳолӣ  ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ  дошта, гузаронида шуданд. Дар ин самт корҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома доранд.