Изҳороти КҲФ дар бораи заминларзаҳои имрӯз. Дар кӯли Сарез тағйироте нест, ташвишу изтироб маъно надорад! (ВИДЕО)

Имрӯз, 23-уми феврал дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд ҳодисаи заминларза ба қайд гирифта шуд. Такони аввали замин соати 5:37 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух дод, ки маркази он 67 км ғаби маркази ноҳияи Мурғоб, воқеъ дар шарқи Тоҷикистон, 400 км ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 30 км шарқтари кӯли Сарез буд. Қувваи заминларза дар марказ 6,8 балл ва умқи он 20,5 км буд.

Қувваи заминларза дар шаҳри Хоруғ 5-6 балл, дар Душанбе 2-3 балл. Талафоти ҷониву хисороти дигар набуд.

Ҳамчунин пас аз аввалин заминҷунбӣ пасларзаҳо ҳисс шуданд. Соати 05:55 бо вақти маҳаллӣ дар 86 км ғарби маркази ноҳияи Мурғоб замин бо қувваи 5,0 ҷунбидва умқи он 10 км буд.   

Соати 06:06 дақиқа бо вақти маҳаллӣ маркази заминларзаи дигар 103 км ғарби маркази ноҳияи Мурғоб буд ва қувваи он 4,6 балл дар умқи 10 км.

Соати 06:36 вақти маҳаллӣ маркази заминларзаи дигар 60 км ғарби маркази ноҳияи Мурғоб буд. Қувваи он дар марказаш 4,9 балл, умқи 10 км.

Соати 07:07 вақти маҳаллӣ маркази заминларза 64 км шимолу шарқи ноҳияи Мурғоб буд ва қувваи он дар маказаш 4,8 балл ва умқаш 10 км.

Соати  07:18 вақти маҳаллӣ заминларза 77 км ғарби маркази ноҳияи Мурғобро бо қувваи 4,7 балл такон дод, ки умқи он 10 км буд.

Соати 11:50 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар шимолу шарқтари маркази ноҳияи Мурғоб замин бо қувваи 4,5 балл ва умқи 10 км ҷунбид. 

Соати 13:01 вақти маҳаллӣ қувваи заминларза дар маркази он 4,7 балл ва умқи он 10 км буд.

Қайд кардан бомаврид аст, ки маркази ҳамаи ин заминларзаҳо дар кӯҳҳо, дар маконҳои беодам ва дур аз минтақаҳои маскунӣ, дур аз маркази маъмурии ноҳияи Мурғоб ва кӯли Сарез буданд.

Системаи мониторинг ва огоҳсозии бармаҳали кӯли Сарез чун ҳарвақта фаъол аст. Ягон ҷунбише ё тағйироте ба қайд гирифта нашудааст. 

Ҷараёни об ва масрафи он дар кӯли Сарез бе тағйир буд. Яъне, ҷараён он 39 метри мукааб дар ҳар сония ва масрафи он 45 метри мураббаъ дар як сония мебошад. 

Соли 2015 дар қаламрави кӯли Сарез заминларза бо қувваи 7,3 балл рух дода, боиси резиши сангу рег шуда буд. Вале он замон низ дар Усой ягон тағйирот ба чашм нарасида буд.  

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор медорад: ЯГОН САБАБЕ БАРОИ ТАШВИШУ ИЗТИРОБ ВУҶУД НАДОРАД!