Омодагии сокинони шаҳри Турсунзода ба мавсими баҳории омадани селҳо

Бо боло рафтани дамои ҳаво эҳтимоли офатҳои табиие ба мисли лағзиши тарма, резиши санг ва омадани селҳо ва ярч зиёд аст.

Бо супориши Раиси КҲФ Гурӯҳҳои корӣ бо роҳбарии муовини якум ва муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуданд, ки корҳои пешгирикунанда ва ташкили «ҳашар»-и умумиро бо ҷалби аҳолии маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳо амалӣ менамоянд.   Инчунин, барои пешгирӣ аз хатари офатҳо тамринҳои ғайринақшавии мудофиаи гражданй гузаронда мешаванд.

Чунончӣ, 4 марти соли 2023 дар минтақаҳои махсусан хатарноки ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонова ва Навободи шаҳри Турсунзода, кормандони КҲФ  якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, аҳолии ду ҷамоати деҳот бо ҷалби техникаи махсус тамрину ҳашарҳои ғайринақшавӣ ташкил ва гузарониданд.

Кормандони масъули Кумита бо иштироки роҳбарияти ҷамоатҳо оид ба омодагии аҳолӣ, ҷалби қувва ва воситаҳои шаҳр ба гузаронидани корҳои пешгирию тозакунӣ машқҳо гузарониданд.

Дар ҷараёни он аз роҳҳо, ҷӯйборҳо, қубрҳои обгузар аз хоку лой пок шуд.

Гурӯҳи корӣ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз оқибатҳои сел, ярч, оқибатҳои боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо, рафъи паёмадҳои офатҳои эҳтимолӣ бо аҳолӣ суҳбат мекунанд ва онҳоро омода месозанд.

барчасп: