Мошини сарозершуда дар канали Сталин: Як зани мусофир ва мошинро берун оварданд. Ҷустуҷӯи ронанда ва ҳамроҳони эҳтимолии ӯ идома дорад

23 марти соли 2023 тахминан соати 16:00 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи садамаи мошин дар қаламрави шаҳри Леваканти вилояти Хатлон хабар расид.

Хабар дода мешуд, ки дар ҳудуди деҳаи Вахши ҷамоати деҳоти Ваҳдати ин ноҳия мошини тамғаи “Мерседес Бенс”, ки аз ҷониби як сокини 27-сола идора мешуд, бо сабабҳои номаълум ба канали ба номи Сталин сарозер шудаву ғарқ гаштааст.

Шоҳидони ҳодиса занг задаву кумак хоста буданд.

Навбатдорони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон сари вақт ба ҷойи ҳодиса расиданд ва бо ёрии таҷҳизоти гидравликӣ мошини садамадида ва мусофирзани дохили онро берун оварданд. Хонуми мусофир бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхонаи ноҳиявӣ бистарӣ карда шуд.

Дар айни замон маълум нест, ки дар ин мошин бо ронанда чанд нафари дигар менишастанд.

Ҷустуҷӯи ҷасади ронанда ва ҳамроҳони эҳтимолии он то ҳол бенатиҷа наҷом ёфтааст. 

Дар ҳамин иртибот Кумита бо эҳтиром аз ронандагон хоҳиш мекунад ба хотири рух надодани ходисаҳои нохӯш қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро ҷиддан риоя кунанд.

Мошинронӣ бо суръати баланд ҳамеша сабабгори садамаҳои ҳалокатовар мешавад.

Сабаби сарозер шудани мошини ёдшуда ба канали Сталин ҳам эҳтимолан суръати баланд буд, ки ронанда натавонист онро идора кунад.