Курсҳои омузишӣ барои ҳайати роҳбарикунанда
Чоп шуд: 10/04/2025 | redaktor
Бо мақсади амалисозии Нақша-чорабаиниҳои асосии Кумита дар соли 2025 ва Нақшаи пуррагардонии омӯзиш дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 7 то 9 апрели соли 2025 бо дараҷаи “Ҳайати роҳбарикунанда”-и вазорату кумитаҳо ва ташкилоту идораҳои ҷмуҳурӣ курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ баргузор карда шуд.
Дар ифтитоҳи курси мазкур сардори Сарраёсати мудофиаи гражданӣ – полковник Вализода Х. иштирок ва баромад намуданд. Баъдан аз ҷониби кормандони Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Кумита мавзӯҳои омӯзишӣ дар шакли рунамо, суҳбат, намоиш ва саволу ҷавоб бароҳ монда шуданд, ки барои шунавандагони курси мазкур писанд омад.