Шумори олудагон ба коронавирус дар олам аз 214 миллион гузашт. Дар Тоҷикистон 16 562 нафар гирифтор шудаанд
Чоп шуд: 25/08/2021 | admin
Шабонарӯзи гузашта дар олам 434 852 сироятшудаи нав ба коронавирус ба қайд гирифта шуд ва аз ин беморӣ дар 24 соати гузашта 7192 нафар фавтиданд. Аз аввали ҳамагирӣ дар олам 214 миллиону 174 ҳазору 539 нафар олудаи COVID-19 шуданд ва 4 миллиону 469 ҳазору 005 нафар ҷон бохтанд. Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон то ба имрӯз 16 562 нафар чун мубтало ба КОВИД-19 ба қайд гирифта шуд. Шумори фавтидагон аз аввали ҳамагирӣ 124 нафар эълон шудааст. 16 360 нафар пурра муолиҷа шудаанд.





