COVID-19: Шумори гирифторон дар олам аз 232,2 миллион гузашт ва беш аз 4 миллиону 762 ҳазор нафар ҷон бохтанд
Чоп шуд: 27/09/2021 | redaktor
Шумори гирифторон ба Covid-19 дар олам субҳи имрӯз, 27-уми сентябр 232 миллиону 608 ҳазору 482 нафар ва ҷонбохтагон 4 миллиону 762 ҳазору 082 нафар эълон шуд. Шабонарӯзи гузашта дар саросари олам 63 924 нафар олудаи коронавирус шуданд ва 1 237 нафар ҷони худро аз даст доданд. Шумори пурра муолиҷашудагон 209 миллиону 242 ҳазору 666 нафар гуфта шудааст.





