Covid-19: Британияи Кабир ваксинкунии бачаҳои аз 12 то 17-соларо бо ваксинаи Moderna иҷозат дод
Чоп шуд: 18/08/2021 | admin
Шумори мубталоёни ба коронавирус дар ҷаҳон ба 209 миллиону 276 ҳазору 336 нафар расидааст. Чун рӯзҳои пеш ИМА, Ҳинд, Бразилия, Русия ва Фаронса дар панҷгонаи кишварҳое шомиланд, ки аз ҳама бештар – аз ҳудудан 38 миллион то беш аз 6 миллион гирифтори Covid-19 доранд.
Агенти назорати дору ва маҳсулоти тибии Британияи Кабир истифодаи ваксинаҳои дорусозии амрикоии Modernaро барои эмкунии бачаҳои аз 12 то 17-сола иҷозат дод.





