COVID-19: Ниқобро чӣ гуна бояд пӯшид? Ҷаримабандиҳои бесобиқаи вайронкунандагони қоидаҳои беҳдоштӣ дар Москав: аз 500 то 1 миллион рубл

Ниқобро бояд аз кадом тараф пӯшид? Дар ҳоле, ки намепӯшед, онро бояд куҷо гузоред? Ҳар гуна ниқоб беҳтар аз бениқоб будан аст. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки доим як ниқобро такрор ба такрор напӯшед ва қоидаҳои истифода аз ниқобро донед.

Ниқобро бояд тибқи дастури он пӯшед ва ин ба рангу намуди он вобаста нест. Тарафи тозаи он бояд ба рӯй часпида бошад ва тарафи берунии он аз берун бошад. Ҳар ниқоб қобили истифода аст: тиббӣ, матоъӣ ва худсохт.

Дар ҷойе, ки ниёз ба истифода ниқоб нест, онро ё дар киса гузоред ва ё барои нигоҳдории он бастаи махсус дошта бошед. Агар шумо ниқобро дар даст мегардонед, пас дар кӯча ба он ҳар гуна чангу ғубор ва олудагиҳои зараровар ворид мешавад. Дар сумка нигоҳ додани он ҳамроҳ бо телефон, калидҳо ва ашёи дигар низ номумкин ва ноҷоиз аст.   

Ҳукумати Москав барои риоя накардани меъёрҳои беҳдоштӣ ҷарима таъин кард. Ширкатҳо ва корхонаҳое, ки талаботҳои беҳдоштиву эпидемиологиро вайрон мекнанд, 300 ҳазор рубл ҷарима мешаванд. Корфармоёни инфиродӣ барои нақзи талаботҳои беҳдоштӣ аз 30 то 50 ҳазор рубл ва шахсони ҳуқуқӣ аз 100 то 300 ҳазор рубл ҷарима хоҳанд шуд  

Дар ҳоли расонидани зарар ба шахси солим ва ё ҳуқуқвайронкунии такрорӣ шахсони мансабдор аз 300 то 500 ҳазор рубл, шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ аз 500 ҳазор то як миллион рубл ҷарима мешаванд ва ё фаъолияти онҳо ба муддати то 90 шабонарӯз боздошта хоҳад шуд. Гуфтанист, ки шабонарӯзи гузашта дар Русия 9412 нафар сироятшудагони нав ба COVID-19 а қайд гирифта шуданд.  

Шаҳрҳои Москав (+2704), Санкт-Петербург (+302) ва Подмосковйе (+244) аз пешсафтарин шаҳрҳо ва минтақаҳои Русия дар зиёдии беморони мубтало ба коронавирус мебошанд.

Маркази Гамалеи таҷҳизотеро ихроъ кард, ки коронавирусро дар фазо идора мекунад.