ФАВРӢ: Президенти ИМА Доналд Тромп ва ҳамсараш Мелани мубтало ба коронавирус шуданд.

Президенти ИМА Доналд Тромп ва ҳамсараш Мелани мубтало ба коронавирус шуданд. Аз ин пештар мақомоти тандурустии ин кишвар ёвари Президентро гирифтори вирус эълон карда буданд.  Тромп дар Твиттер навишт: “Имрӯз маълум шуд, ки бонуи аввал ва худи ман мубтало ба КОВИД-19 шудаем. Мо ҳоло худро карантин мекунем ва ҷиддан ба муолиҷа оғоз менамоем. Мо ҳамроҳ ин марҳилаи табобатро тай хоҳем кард”.

Кохи Сафед нома бо имзои пизишки  раёсати ҷумҳуриро мунташир кард ва навишт, ки “ҳоли оқои Тромп ва ҳамсараш дар айни замон хуб аст”.

Доналд Тромп дар ҳоле мубтало ба коронавирус шудааст, ки то интихоботи Раёсати ҷумҳурии ИМА танҳо як моҳ боқӣ мондааст. Ҷо Байден-рақиби Тромп дар интихобот аз ӯ барои  амалкардаш дар маҳори корона дар кишвар интиқод кардааст.

Маврид ба ёдоварист, ки то кунун дар Амрико бештар аз 200 нафар бар асари гирифтори ба вируси корона даргузаштанд ва беш аз 7 миллион нафар ба КОВИД-19 сироят шудаанд.