Нигаронии Созмонии ҷаҳонии тандурустӣ аз афзоиши КОВИД-19 дар 11 кишвари Аврупо ва мамолики пасошӯравӣ

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд дар 11 кишвари Аврупо ва кишварҳои пасошӯравӣ шумори гирифторон ба Covid-19 баъди лағви маҳдудиятҳои карантин якбора рӯ ба афзоиш овард. Аз ҷумла, Арманистон, Молдова, Украина, Озарбойҷон, Қазоқистон ва Қирғизистон баъди он ки мақомот маҳдудият ё бахше аз маҳдудиятҳоро лағв карданд, шумори мубталоён зиёд шуданд.

Директори минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Аврупо Ҳанс Клюге гуфт, ки 30 кишвари олам зарфи ду ҳафтаи охир шоҳиди афзоиши сафи беморони коронавирус буданд.

Дар ҳамин ҳол мақомҳои беҳдоштӣ дар Амрико аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки эҳтимол дорад мубталоён ба вируси короно дар ин кишвар 10 баробари омори расмии қаблӣ бошад. Маркази муолиҷаи бемориҳои уфунӣ дар ИМА эълон кардааст, ки мутобиқи таҳлилҳои ҷадидаш эҳтимол то ба ҳол беш аз 20 миллион нафар дар Амрико ба вируси короно сироят шудаанд. Омори расмӣ наздик ба 2,5 миллион нафарро гирифтори коронавирус медонад ва бештар аз 122 ҳазор нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.

Шоми дирӯз Вазорати тандурустии Тоҷикистон мубталоён ба вируси корона дар кишварро 5691 нафар эълон кард. Дар хабари ин манбаъ омадааст, ки “Шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 61 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардида, шумораи онҳо дар муддати аз 30 апрел то соати 18:00-и 25 июн ба 5691 нафар расид”. 

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ 4269 нафар дар Тоҷикистон аз ин беморӣ шифо ёфтанд ва 52 нафар ҷони худро аз даст доданд.