Бар асари раъду барқ зарфи ду рӯз 110 нафар дар Ҳинд кушта шуданд (Видео)

Дар иёлоти Биҳор ва Уттар-Прадеши Ҳинд аз зарби раъду барқ 110 нафар ҷони худро аз даст доданд. Дар ин бора РИА Новости истинодан ба маълумоти департаменти мубориза бо офатҳои табиии ин кишвар иттилоъ дод. Аз ин пештар хабар дода мешуд, ки танҳо дар иёлоти Биҳор шумори куштагони раъд ба 83 нафар расид. Рӯзи панҷшанбе аз иёлоти Уттар-Прадеш ҳам хабар доданд, ки аз раъд 24 нафар ҷони худро аз даст доданд.

Сарвазири Ҳинд Наренро Моди ба хонаводаи ҳалокшудагон изҳори тасаллият кард. Вай дар Твиттери худ навишт: “Хабари фоҷиабор дар бораи ҳалокати чанд тан дар Уттар-Прадеш ва Биҳор бар асари боронҳои шадид ва раъду барқ ба дастам расид. Ҳукумати ин иёлотҳо чораҳои таъхирнопазир меандешанд”.

Ҳукуматдорони ин ду иёлот эълон крадаанд, ки ба ҳар хонаводаҳои ҳалокшудагон 400 ҳазор рупия кумак хоҳанд кард. Онҳо аз сокинон хостанд дар рӯзҳои боронӣ ва ҳавои пурабр бештар дар хонаҳои худ монанд.

Дар ҳамин ҳол департаменти ҳавошиносии Ҳинд гуфтааст, ки зарфи чанд рӯзи оянда ҳам дар Уттар-Прадеш хавфи раъду барқ боқӣ мемонад.