Activities calendar

03 июли 2020

Роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар соҳили кӯлу дарёҳо

Яке аз вазифаҳои муҳим дар мавсими истироҳатҳои тобистона роҳандозии корҳои таблиғотӣ дар соҳили рӯдхонаҳо, каналҳо, ҳавзҳо, обанбору кӯлҳои кишвар аст, ки тибқи нақшаи корӣ пайваста амалӣ мешавад. Ҳадаф ёдрас кардани қоидаҳои бехатариву риояи онҳо ба хотири пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар кишвар аст. Ҳамасола дар мавсими оббозӣ дар обҳои мамлакат даҳҳо тан ғарқ мешаванд

Ифшои ҷиноятҳо дар иртибот ба КОВИД-19 дар Суғд. Изҳори нигаронии Пешвои миллат аз афзоиши ҷинояткорӣ дар вилоят

“Ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар самти ҳифзи саломатии аҳолӣ аз ҷониби мақомоти прокуратура мунтазам мавриди санҷиш қарор гирифта, дар натиҷа ҳолатҳои аз тарафи шахсони мансабдор риоя нагардидани меъёр ва қоидаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ, муомилоти маводи дорувории пастсифат, бе иҷозатнома ва бо вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ машғул шудан ба фурӯши маводи

Садамаи марговар дар Сангеви ноҳияи Қалъаи Хумб

Ронандаи 36-солаи мошини “Дулан”, ки ба умқи чиҳилметраи дарёи Панҷ бо мошин сарозер шудааст, ба ҳалокат расидааст. Сабаби садама дақиқан маълум нест. Ин ҳодиса шабона рух додааст ва эҳтимолан ронандаро дар роҳ хоб бурдааст ё ҳодисаи дигаре пеш омадааст. Ҷасади ӯ субҳи имрӯз пайдо ва ба пайвандонаш супурда шуд. 

Ҳалокати модар ва ду тифлаш дар сӯхтори деҳаи Баҳори Панҷекат

Як сӯхтори азим дар манзили сокини деҳаи Баҳор, ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷекат се узви як оиларо ба ҳалокат расонд. Ин сӯхтор рӯзи 2-уми июли соли равон, шабона, тахминан соати 23:18 дақиқ сар зад ва се нафарро ба коми худ кашид. Соҳиби хона ба шуъбаи эҳёи бемористони шаҳрӣ бистарӣ шуд. Духтурон ҳоли ӯро низ вазнин арзёбӣ кардаанд.

Як ҷавони 26-сола дар оби канали Чузии ноҳияи Шаҳринав ғарқ шудааст

Як ҷавони 26 – сола, сокини  деҳаи Селбури ноҳияи Шаҳринав дар канали Чузӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. Наздиконаш мегӯянд марҳум гирифтори бемории рӯҳӣ буд ва мехостааст аз канал об нӯшад, вале мувозинати худро натавонистааст нигоҳ дорад. Дар натиҷа ба оби пуртуғёни канал сарозер шудааст.

Тибқи маълумоти сардори бахши Кумитаи ҳолатҳои...