Activities calendar

23 июли 2020

Сивучор ғарқшудаи шаш моҳ дар обҳои кишвар. Фаъолиятҳои Кумита дар мубориза бо КОВИД-19

Генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо ибрози нигаронӣ аз афзоиши шумори ғарқшудгон дар обҳои кишвар дар мавсими тобистон гуфт, ки сарфи назар аз муттасилу пайваста роҳандозӣ шудани чорабиниҳои мухталиф, гузаронидани рейдҳо, мулоқот бо истироҳаткунандагон ва суҳбат бо онҳо, интишори мақолаҳо дар нашрияҳо, барномаҳо ба телевизион ва радио мутаассифона, боз ҳам дар иншоотҳои обӣ

Оғози нишасти хабарии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда. Генерал Назарзода аз 178 ҳодиса дар шаш моҳи сипаришуда хабар дод

Нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуд. Генерал-лейтенант Рустам Назарзода-Раиси Кумита иброз дошт, ки зарфи шаш моҳи соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 178 ҳадисаи фавқулодаи табиӣ ба қайд гирифта шуд. Аз ҳисоби умумии ҳодисаҳои сабтшуда 17 ҳодиса ба хоҷагии халқ зарари моддӣ расондааст.

Як ҷавони 19-сола дар дарёи Исфара ғарқ шуд

Дирӯз, 22-уми июни соли 2020 як ҷавони 19-сола, сокини шаҳри Исфара ҳангоми оббозӣ дар дарёи Исфара ғарқ шуд. Тибқи маълумоти Сардори шӯъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ин ҷавон дар дарёи Исфара, дақиқан дар мавзеъи зиёратгоҳи Мазори Хоҷа Абдуллои Сурхи ҷамоати деҳоти Шаҳрак ҳангоми оббозӣ ғарқ мешавад.