Activities calendar

15 июли 2020

Оташи гази табиӣ то 55 дарсад бадани як ноболиғро дар ноҳияи Ҳисор сӯзонд. Чаро волидон ба ин ҳад бепарвоянд?

Духтари 14-сола аз деҳаи Обшорони ноҳияи Ҳисор ҳангоми оташ гирондани балони гази табиӣ бадани худро сӯзонд. Ин амал аз беэҳтиётӣ сар садааст ва ҷараёни ҳодиса маълум нест.

Ноболиғро фавран ба бемористон бурданд ва баъди муоина духтурон гуфтанд, ки 50-55 дарсади ҳиссаи баданаш сӯхтааст. Ҳоло ӯ дар беморхонаи рақами 3 шаҳри Душанбе бистарист.

Ду ноболиғи ғарқшуда дар ноҳияи Ванҷ: Яке наҷот ёфт, дуюмӣ фавтид. Аз 34 ғарқшудаи шаш моҳи охир 10 нафарашон ноболиғонанд

Боз ҳам аз беэҳтиётӣ ду навраси 12-сола дар об ғарқ шуданд. Сокинон ҳардуро наҷот доданд, яке дар роҳ ба бемористон фавтид, дуюмӣ ҳоло бистарист.

Ин ҳодиса рӯзи гузашта, 14-уми июл дар ҳавзе воқеъ дар деҳаи Пайшанбеободи ноҳияи Ванҷ рух дод. Наврасони 12-сол, ки бе роҳбаладии калонсолон дар ҳавз машғули оббозӣ буданд

Зарари сел ба хоҷагиҳои ду ноҳияи вилояти Суғд. Паёмадҳои он дар Шайдон бартараф шуданд, дар Исфара Комиссия ҳаҷми зарарро муайян мекунад

Борони шадиди рӯзи 13-уми июли сол равон муҷиби омадани сел ба деҳаи Мулломири шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт шуд. Сел ба 25 замини наздиҳавлигии сокинон лойоба ворид кардаву роҳи дохили русторо аз сангу шағал пур кардааст.

Рӯзи 14.07.2020 Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Ашт барои бартараф намудани оқибати офати табиӣ чораҳои

Заминларза дар Тоҷикистон ва Афғонистон. Мақомот гуфтанд, ки он паёмади нохӯше надошт

Заминларзаи дирӯз, 14 июли соли 2020, ки маркази он 297 километри ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе буд, хисорат ва талафоти ҷонӣ надошт. Тибқи иттилои Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон ин заминларза дирӯз соати 14:34 дақиқа сурат гирифт ва маркази он Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буд. Қувваи зилзила дар маркази он 3-4 ва дар шаҳри Душанбе 2 балл буд.
Манбаъ хабар дод, ки зилзила паёмадҳои нохӯше дар пай