Гурӯҳи муштараки корӣ вазъи деҳаҳои зарардида аз заминларза дар Тоҷикободро меомӯзад
Чоп шуд: 07/07/2020 | redaktorЗаминларзаи рӯзи 4-уми июли соли равон дар чанд деҳаи дараи Нушори ноҳияи Тоҷикобод зарар овард. Бино ба маълумоти Комиссияи ҳолатҳои фавқулода, ки дар маҳалли ҳодиса фаъолият дорад, алҳол зарари расида ба хонаҳои истиқоматии сокинони ҷамоати Нушор, деҳаҳои Ширинчашма, Сари Най ва Себистон, Ғанишоб ва Сафедоб баррасӣ мешавад. Гуфта мешавад, ки дар ин деҳаҳо манзили баъзе сокинон қисман зарар дидаанд.