Activities calendar

22 июли 2020

Таҳвили воситаҳои ҳимояи шахсӣ аз ҷониби Сафорати ИМА. Мулоқоти Раиси Кумита бо сарвари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон

Бо мақсади пешгирӣ аз густариши коронавирус ва дар чаҳорчӯби татбиқи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии паёмадҳои ҳодисаҳои фавқулода миёни КҲФ ва Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 22-уми июл дар Кумтаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвили воситаҳои фардии ҳимоя зидди коронавирус баргузор шуд.

ХУШХАБАР: Аввалин манзил дар маҳалли Чорбоғи ноҳияи Хуросон пурра мавриди истифода қарор гирифт

Аввалин хонаводаи осебдидагони сели ноҳияи Хуросон метавонанд вориди манзили нави худ воқеъ дар маҳалли Чорбоғ шаванд. Хонаи рақами 53, ки молики он Шералӣ Раҷабов мебошад, пурра ба истифода дода шуд. Акнун соҳиби он бо кулли аъзои оила метавонанд вориди манзили нави ободу зебо шаванд ва ба зиндагии осудаи худ идома диҳанд.
Ба назарам мерасад тадриҷан ранҷҳо фаромӯш мешаванд,

Сӯхтор дар “Бозори деҳқон”-и шаҳри Душанбе. Касе осеб надидааст. ВКД сабаби сӯхторро эълон кард: истифодаи нодурусти яхдон

Шаби 22-июли соли равон, тахмин соати 00:29 дақиқа дар “Бозори деҳқон”-и пойтахти кишвар, воқеъ дар маҳалли Гипрозем сӯхтор ба амал омад. Бино ба гузориши расмӣ ба ҷойи ҳодиса фавран 14 техникаи оташнишонӣ фаро расида, даст ба амал заданд.  Дастаи зудамали Раёсати душанбегии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе