Activities calendar

09 июли 2020

Пажӯҳиш: Саранҷом, исбот шуд, ки ҳайвонҳо метавонанд заминларзаро пешбинӣ кунанд

Дар диди аввал ин чандон назари тоза нест. Аз қаблҳо ҳам дар ин бора мегуфтанд. Яъне маълум буд, ки баъзе намуди ҳайвонот метавонад заминларзаро қабл аз вуқуъ ҳисс кунад. Вале то кунун далели боварибахши илмӣ дар ин бора вуҷуд надошт. Мушоҳидаҳо илман асоснок нашуда буданд ва дақиқан маълум набуд, ки гунаҳои мухталифи ҳайвонот ҳангоми  таҳаввули ногаҳонӣ чӣ аксуламале аз худ нишон медиҳанд. 

Ҷаҳиши маргбор: Чаро ҷавони 25-сола дар оби дарёи Душанбе ғарқ шуд?

Як сокини 25-солаи шаҳри Душанбе, ки аз баландии 5-6 метр худро ба оби дарёи Душанбе андохта буд, бар асари ба санги зери об бархӯрдани сараш ба ҳалокат расидааст. Ин ҳодиса баъд аз зӯҳри рӯзи чоршанбе, 8-уми июли соли равон дар ҳудуди ноҳияи Сино, дар наздикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рух додааст.