Activities calendar

02 июли 2020

Дар 18 хонаи нав барои сокинони осебдидаи Хуросон дару тирезаҳо насб карда шуданд.

Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар 18 хонаи нав барои осебдидагони сели ноҳияи Хуросон дару тирезаҳо насб карда шуданд. Андоваи як хона пурра ба анҷом расида, дар як хонаи дигар ин кор дар садади анҷомёбист.

Садҳо фили мурда дар Бодствано. Давлат фарзияи шикори ғайриқонуниро рад кард

Тайи ду моҳи ахир дар Бодствано садҳо фил ба ҳалокат расиданд ва марги ин миқдор фил муҷиби даҳҳо гумону тахмин шудааст. Касе иллати аслии марги ҳайвонотро намедонад. Давлати Бодствано гуфтааст, ки танҳо баъди дарёфти натиҷаи тестҳо метавон иллати аслии ин маргумирро расман эълон кард. Ҳоло озмоишгоҳҳои ин кишвар саргарми омӯзиши тестҳоанд.  Бодствано кишваре мебошад