Activities calendar

14 октября 2020

Мушкилоти Covid-19 дар олам: Дар пойтахти Қазоқистон чораҳои карантинӣ шадидтар мешаванд

Субҳи имрӯз хабар дода шуд, ки шумори мубталоён ба коронавирус дар олам ба 38 431 369 расид ва дар як шабонарӯз 144 ҳазору 106 нафар сироят ёфтанд. Аз коронавирус КОВИД-19 1 092 038 фавтиданд ва 28 886 938 шифо ёфтаанд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон шумори мубталоён ба кооронавирусро  10 297 эълон кард. Аз аввали пандемия то кунун аз ин беморӣ дар кишвар 79 нафар ҷон бохтанд. 

Рӯзи дарҳои боз дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии КҲФ

14 октябри соли 2020 дар доираи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии коҳиши хатари офатҳо дар Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии КҲФ, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи дарҳои боз баргузор карданд. Дар ин чорабинӣ 50 нафар хонандагони ду мактаби таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе ширкат намуданд.