Activities calendar

19 октября 2020

Қиссаҳои ҷуғрофӣ. Ном барои Олами Нав. Чаро на Колумб, балки Веспуччи? Америго Веспучи кӣ буд?

Аз миёни ҳамаи қораҳои кашфшуда танҳо Амрико ба номи одами воқеъӣ номгузорӣ шуд. Кӣ буд он? Сарзамине, ки Колумб кашф карда буд, чаро номи ӯро гирифт на номи Колумбро? Он чӣ ба мо аз сафарҳои Веспуччи маълум аст, мӯҳтавои  ду номаи ӯст, ки солҳои 1503 ва 1504 навишта шудаанд. Чун ҳамаи номаҳои дигари иншошуда дар ин мавзӯъ ин ду номаи Веспуччи низ дар як муддати басо кутоҳ миёни мардум паҳн шуданд ва ҳамзамон бо чандин забон тарҷума ва дар чанд кишвари олам интишор ёфтанд.

“Рӯзи дарҳои боз” дар Кӯлоб. Хонандагон имкон ёфтанд худ техникаи наҷотро санҷанд

Дар идомаи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, кормандони Раёсати байниноҳиявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар минтақаи Кӯлоб барои хонандагони ду мактаби таҳсилоти миёнаи шаҳри Кӯлоб Рӯзи дарҳои боз гузарониданд.
Дари ин рӯз ба мактаббачагон дар бораи таърихи таъсиси

Тамрини тактикӣ дар деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб. Коҳиши хатари сел барои 30 хонаводаи ин минтақа

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, ҳамоно идома доранд.

Чунончӣ, рӯзе қабл дар деҳаи Гулбоғ-1-и ҷамоати Чорбоғи ноҳияи Варзоб, бо ҷалби нерӯ ва воситаҳои зерсистемаи

COVID-19: Шумори сироятшудагон ба беш аз 40 миллион нафар расидааст. ИМА, Ҳинд, Бразилия пешсафтарин кишварҳои олам дар сироят ба коронавирус

Бино ба маълумоти Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинзи ИМА дар саросари олам то кунун 40 миллиону 281 ҳазору 741 нафар ба коронавирус КОВИД-19 сироят шудаанд. Кишвари пешсаф дар сироят ба ин вирус ИМА мебошад. Дар ин кишвар 8 миллиону 387 ҳазору 799 нафар мубтало ба вирус буда, то кунун аз он 224730 нафар фавтидаанд. Ҳинд бо 7 миллиону 550 ҳазору 273 нафар мубтало дар олам дар ҷойи дуюм буда,