Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз 28 октябр то 29 октябри соли 2020 дар қаламрави ҷумҳурӣ дамои ҳаво паст мешавад ва ин овое аз оғози сардиҳои сол аст.
Дар минтақаҳои доманакӯҳ ва кӯҳистони вилоятҳои Суғду Хатлон 0 + 3° гарм ва дар баъзе ноҳияҳо 1-2° хунук мешавад. Табиист, ки сардии ҳаво барои маҳсулоти кишварзии саҳро таҳдидҳо хоҳад дошт.