Activities calendar

27 октября 2020

Идомаи ҷаласаи гурӯҳи коршиносони Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо

Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳи коршиносони Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳо, ки дирӯз оғоз ба кор карда буд, идома дорад. Рӯзномаи ҷаласа, ки то 27 октябр идома хоҳад кард, натиҷаҳои арзёбии хатари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор медиҳад.

Сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумитаи...

Нунавут-сарзамине, ки коронавирус дар он ҳанӯз сабт нашудааст

Сироят ба корона дар бисёре аз минтақаҳои Канада дар ҳоли афзоиш аст, вале дар Нунавут, шимолитарин сукунатгоҳи доимии инсон ягона сарзамине дар Амрикои Шимолӣ аст, ки  ҳеч мавриди олудагӣ ба вируси корона дар он дида нашудааст.

НУНАВУТ: анг: Nunavut – навтарин ва бузургтарин қаламрави Канада аст.

COVID-19: Шумори мубталоён ба коронавирус дар олам ба 44 миллион наздик мешавад. Ҳушдори донишмандони амрикоӣ аз авҷи КОВИД-19 дар зимистон

То имрӯз шумори мубталоён ба вируси корона дар саросари олам ба  43 миллиону 790 ҳазору  543 нафар расидааст ва аз ин беморӣ 1 миллиону 164 ҳазору 609 нафар фавтидаанд. Танҳо шабонарӯзи сипаришуда дар кишварҳои олам 105 ҳазору 731 сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуда ва 1 ҳазору 682 нафар ҷон бохтаанд.  Аз муолиҷаи пурраи 32 миллиону 182 ҳазору 737 нафар хабар дода мешавад.