Activities calendar

06 октября 2020

Коронавирус дар олам: Аврупо дар гирдоби маҳдудиятҳои нав. Дар Тоҷикистон 88,1% мубталоён муолиҷа шуданд

6-уми ноябри соли равон шумори  гирифторон ба вируси корона дар ҷаҳон ба 35 миллиону 709 ҳазору 955 нафар расид. Аз ин беморӣ то кунун дар олам бештар аз 1 миллион нафар фавтидаанд. Танҳо дар шабонарӯзи гузашта дар кулли кишварҳои олам 78 ҳазору 517 нафар сироят шуда, 1 523 нафар ҷон бохтаанд. Аз коронавирус КОВИД-19 то кунун 26 миллиону 878 ҳазору 379 нафар муолиҷа шудаанд.