Activities calendar

21 октября 2020

ҚИССАҲОИ ҶУҒРОФӢ. Фарҷоми фоҷеабори кашшофи уқёнуси Ором. Васко Нунйес де Балбоа (1475-1517)

Дар асрҳои  XV—XVI Колумб ва ҳамзамонони ҷавонсолу ҳамсафонаш хати соҳилии тӯлониро аз Юкатана то минтақаи тропики Ҷануб кушоданд. Аммо на испониҳо, на португлиҳо талош накарданд, аз соҳил ба дарунтари қора раванд. Барои он ки ин гуна кӯшишҳо мувффақона бошанд, бояд дар соҳилҳо манотиқи аҳолинишини доимӣ  бунёд мекарданд.
Бори аввал ин корро  Алонсо де  Охедо анҷом дод.

Covid-19: Мубталоён дар саросари олам беш аз 41 миллион, фавтидагон зиёда аз 1 миллиону 130 ҳазор. Италия аз марги 36 705 нафар аз коронавирус хабар дод.

Шумори мубталоён ба коронавирус КОВИД-19 дар олам аз 41 миллион гузашт. Танҳо шабонарӯзи гузашта 131 ҳазору 834 нафар чун сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуданд. Аз ин вируси марговар то кунун 1 миллиону 130 ҳазору 230 нафар фавтиданд. Дар саросари олам 30 миллиону 650 ҳазору 037 нафар пурра муолиҷа шудаанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии

Тамринҳои тактикӣ дар Хайробод. Канали Кадучӣ тоза ва пуле дар ин минтақа мустаҳкам карда шуд

20 октябри соли 2020, тибқи Нақшаи Кумитаи ҳолтаҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои асосии мудофиаи гражданӣ, вокуниш, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар ҳудуди деҳаи Хайрободи ҷамоати деҳоти шаҳраки Турсунзода, кормандони Кумита машқҳои тактикӣ ва махсуси мудофиаи гражданй гузарониданд.

Ҷамъбасти 9 моҳи фаъолияти Кумита

20 октябри соли 2020 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода ҷаласаи ҳайати мушовара оид ба натиҷаҳои фаъолияти фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар нӯҳ моҳи соли 2020 баргузор гардид.

Дар кори коллегия роҳбарони сарраёсатҳо, раёсатҳо,

Ширкати атфоли маъюб дар як чорабинии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

Маъюбон, афроде ки дорои имкониятҳои маҳдуд мебошанд, ниёз ба сарпарастиву таваҷҷуҳ доранд. Онҳо низ чун дигар афроди ҷомеа мехоҳанд дар ҳар гуна тадорукот ширкат дошта бошанд, донишу ҳунару маҳорати худро нишон диҳанд. Аз ин завқ баланд, шодӣ кунанд ва худро узви комилҳуқуқи ҳамин ҷомеа донанд. Дар миёни онҳо низ шахсони ҳунарманду донишманд ва ошиқони ҳунару варзиш зиёданд.

Сарвари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар онлайн-конфронси осиёии коҳиши хатари офатҳо дар Ҷопон суханронӣ кард

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода дар назди иштирокчиёни Конфронси Осиё оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ, ки дар қароргоҳи Маркази коҳиши хатари офатҳои табиӣ дар шаҳри Кобеи Ҷопон мегузарад, суханронӣ кард.
Гуфтанист, ки конфронси қаблӣ соли 2019 дар пойтахти Туркия