Activities calendar

22 октября 2020

Сарвари тозатаъини Намояндагии Салиби Сурхи Байналмилал аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дидан кард

21 октябри соли 2020 Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода бо роҳбари нави Намояндагии Байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон хонум Анжелика Шопп ва роҳбари ваколатдори Салиби Сурх дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Клаудия Аззолини мулоқот кард.

Ғолибони викторинаи радиоӣ соҳиби ҷоизаҳо шуданд

22 октябри соли 2020 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони викторина бахшида ба Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ баргузор гардид. Панҷ ғолиби озмун бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳиҳои аҳолӣ,

Covid-19: Шумори мубталоён ба 41 миллиону 500 ҳазору 885 нафар расид. Сарони Иттиҳоди Аврупо ба ҳамоиши фаврӣ гирди ҳам меоянд

То субҳи 22 октябри соли 2020 шумори сироятшудагон ба Covid-19 дар олам ба 41 миллиону 500 ҳазору 885 нафар расид. Танҳо шабонарӯзи гузашта 129 ҳазору 304 нафар ба ин вирус сироят шуданд. 1 миллиону 136 ҳазору 530 нафар мубталоён ҷони худро аз даст доданд. Шабонарӯзи гузашта бар асари ин беморӣ  2 791 нафар фавтиданд. Шумори пурраи шифоёфтагон дар олам 30 миллиону 918 ҳазору 824 нафар эълон шудааст.

Фоҷеаи дари баста. Марги як пиразани танҳои 68-сола дар манзили худ. Сабаби марг ташхис мешавад

Паси дарҳои баста баъзан фоҷеаҳои инсонӣ ниҳонанд. Ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабарҳое аз дарҳои ногаҳон басташудаи оҳанӣ мерасанд, ки сокинон наметавонанд онҳоро ба осонӣ боз кунанд. Ва ёрӣ мехоҳанд. Имдодгарон ба кумаки шаҳрвандон мешитобанд ва дарҳои бастаро боз мекунанд. Аммо на ҳамеша чунин аст, ки дарро ба