Activities calendar

08 октября 2020

Ҳавои сарду бодҳои тез. Борони водиҳову барфи баландкӯҳҳо. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон иттило медиҳад, ки то 12 октябри соли 2020 дар қаламрави кишвар ҳавои номусоид дар назар дошта шуда, шамол дар як сония аз 10 то 15 метр мевазад. Дар баъзе қисматҳои ҷумҳурӣ, бахусус дар водиҳо борон ва дар баландкӯҳҳо (баландтар аз 2000 метр) барфи тар меборад.

Хабарҳои мухтасар аз Covid-19 дар олам. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд 10-20% мубталоён сарчашмаи асосии сироят ба коронавирус мебошанд

То 08 октябри соли 2020 дар олам 36 миллиону 401 ҳазору 583 нафар чун мубтало ба коронавируси нав ба қайд гирифта шудаанд. Зарфи як шабонарӯзи гузашта ба ин беморӣ боз бештар аз 101 ҳазор нафар сироят ёфтанд. Шумори фавтидагон ба 1 060 567 нафар расид. Танҳо шабонарӯзи гузашта дар кулли кишварҳои олам аз ин беморӣ 2 401 нафар ҷон бохтанд.