Activities calendar

10 июни 2022

Мулоқоти Раиси КҲФ бо ҳайати Бонки Осиёии Рушд

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Р.Назарзода ҳайати Бонки Осиёии Рушдро таҳти роҳбарии Директори шуъбаи захираҳои табиӣ ва кишоварзӣ дар Департаменти Осиёи Марказӣ ва Ғарбии БОР Хонум Ясмин Сиддиқӣ ба ҳузур пазируфт.

Боздиди ноиби Президенти БОР аз КҲФ

8 июни соли 2022 Ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд (БОР) ҷаноби Шиксин Чен аз Хадамоти зидди жола Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ш. шахри Хисор дидан намуд.

Зимни боздид ӯ бо кори дастгоҳи нави радарии DMRL - ​​C - 5 ва корҳое, ки дар доираи лоиҳаи муштараки Бонки Осиёии Рушд ва КҲФ амалӣ мегарданд, шинос шуд.