Activities calendar

20 июни 2022

Тамринҳои мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Хуросон

Аз 16 то 18 июни соли 2022 дар ноҳияи Хуросон машқи фармондеҳӣ – ситодии мудофиаи гражданӣ дар мавзъуи «Амали ҳайати роҳбарикунанда ва қувваю воситаҳои мудофиаи граждании ноҳия, ҳангоми баридани боришоти зиёд, омадани сел аз доманакӯҳҳо ва зери хатар мондани  ҳудуди  ҷамоатҳои  шаҳраку  деҳоти  ноҳия»  гузаронида  шуд.

Дар заминаи машқи мазкур рӯзи 17 июни  соли ҷорӣ дар ҷамоати деҳоти Қизилқала, деҳаи Меҳнатободи...

Сел дар Ҳинд ва Банглодеш даҳҳо нафарро ҳалок кардаву беш аз 3 миллионро овора

Бар асари раъду барқ ва рониши замин, ки ба сабаби тӯфонҳои мавсимии шадид дар Ҳинд ва Банглодеш рух додааст, 59 нафар ҷони худро аз даст додаанд.  Миллионҳо нафар низ саргардон шудаанд ва неруҳои имдоди ду кишвар ҳоло дар ин талошанд, ки худро ба маҳалли ҳодиса ва мардум равонанд.

Бар асоси пешбиниҳо сел тайи чанд рӯзи оянда бештар хоҳад шуд ва то кунун  мақомот даҳҳо маротиба...

Наҷоти ду духтари ҷавон аз ҷониби як марди 36-сола дар оби Элок

Як сокини 36-солаи деҳаи Мавҷи ноҳияи Рӯдакӣ бо ҷасорат ва талоши камназир ҷони ду бонуи ҷавонро аз хатари ғарқ шудан дар оби рӯди Элок наҷот додааст. Ин ҷавонмард, ки аз ӯ Алиҷон Тоҷибоев ном бурда мешавад, рӯзи гузашта ҳангоми сайругашт дар соҳили Элок чашмаш ба ҷавондухтароне меафтад, ки дар об ғарқ мешуданд

Ӯ фурсатро аз даст надода, ба зудӣ худро ба об ҳаво медиҳад ва аввал яке ва баъд дуюмиро наҷот медиҳад.

Ҷасади моҳигири ғарқшуда ҳоло пайдо нашудааст

Бино ба маълумоти сардори шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ як сокини 22-солаи деҳаи Фалакони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар рӯди Кофарниҳон ғарқ шудааст ва бо вуҷуди ҷустуҷӯҳои дурӯза иттилое аз пайдо шудани ҷасад нарасидааст.

Ин ҷавони 22-сола рӯзи 19-уми июн аз хона ба қасди моҳигирӣ баромада ва ба самти дарёи Кофарниҳон ҳаракат кардааст. Шаҳрванд аз соҳил ба соҳили муқобил гузаштаву машғули моҳидорӣ шудааст.