Activities calendar

09 июни 2022

Имдодгарон ҷасади духтари 18-20-соларо аз рӯди Душанбе берун оварданд. Паёмади харобии сел дар роҳи Айнӣ-Панҷекат бартараф шуд

Рӯзи 8-уми июни соли 2022 тахминан соати 16:10 дақиқа навбатдори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи об намудор шудани як ҷасад дар соҳили рӯди Душанбе хабар дод.

Бино ба хабар ин ҷасад дар мавзеъи Муасисаи давлатии “Наврузгоҳ” намудор шудааст.