Activities calendar

16 июни 2022

КҲФ: Ҳавои боронии рӯзҳои 17-21 – уми июн метавонанд хатари омадани селҳоро зиёд кунад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар, аз 17 то 21 июни соли 2022 дар як қатор ноҳияҳои кӯҳӣ ва назикӯҳии ҷумҳурӣ ба истиснои кисми шаркии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон борон  меборад.  Ин борон метавонад  сабаби омодани сел ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо шавад.

Наҷоти як зан бо тифлаш дар лифти муассисати тиббӣ

15 июни соли 2022 ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки бар асари якбора хомӯш шудани қувваи барқ дар лифти Дармоноҳи №10 пойхтахт як хонум бо тифли хурдсолаш дармондааст.

Имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе фаврӣ ба...