Activities calendar

07 июни 2022

Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 – 2028»

Муҳтарам роҳбарони ҳайатҳо!
Хонумҳо ва ҷанобони гиромӣ!
Меҳмонони азиз!

Бо камоли майл ташрифи шуморо ба шаҳри Душанбе хайрамақдам мегӯям.

Нишасти имрӯзаи мо тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи бознигарии миёнамуддати...

Бехатарӣ дар обҳо. Кормандони Раёсати КҲФ дар Суғд дар як барномаи телевизионӣ дар ин бора суҳбат карданд

6-уми июни соли 2022 Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар як барномаи телевизионӣ ширкат намуданд ва дар бораи амалҳо дар об, қоидаҳои бехатарӣ ва риояи он дар вақти шиновариву истироҳат маълумот доданд.

Ҳадафи аслии чунин барномаҳо ташаккул додани фарҳанги рафтори бехатар дар об дар байни шаҳрвандон, бахусус кӯдакон мебошад.

Дарсҳои амалӣ дар осоишгоҳи “Баҳористон”

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо наҷотдиҳандагони осоишгоҳи «Бахористон», воқеъ дар соҳили обанбори «Баҳри тоҷик» вохӯрии навбатӣ доир намуданд.

Чунин вохӯриҳо бо мақсади санҷиши омодагии наҷотдиҳандагон ба мавсими шиноварӣ, гузаронидани...

Аввалин савганди наваскарони даъвати баҳорӣ (ВИДЕО)

6 июни соли 2022 дар боғи Ғалабаи ноҳияи Рӯдакӣ маросими тантанавии савгандёдкунии наваскарони даъвати баҳорӣ баргузор шуд, ки дар он ҷонишини Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Эмомалӣ Иброҳимзода иштирок намуд.

Маросим бо ширкати пайвандону дӯстони наваскарон, фармондеҳони қисми низомӣ...