Activities calendar

25 июни 2022

Имдодгарон дари бастаро боз ва ду тифлро солим ба модар супурданд

дари баста

Рӯзи 24-уми июн, соати 20:45 дақиқа як сокини кӯчаи Шестопалови ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занг зада, хабар дод,  ки дари манзилаш баста шудаву наметавонад ба он ворид шавад. Дар дохили хона ду кӯдаки 5-1-солаи ӯ танҳо мондаанд.
Бо дарёфти хабари дастаи имдоди Раёсати КҲФ дар шаҳри

Ду ғарқшуда дар Суғд. Якеро наҷот доданд, дуюмӣ ба ҳалокат расид

Ду ғарқшуда дар Суғд

Бино ба маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд як сокини 16-солаи ҷамоати шаҳраки Бӯстони ноҳияи Масчо дар оби канали маҳалли зисти худ ғарқ шудааст.

Ин ҳодиса рӯзи 24-уми июни соли равон тахминан соати 16:50 дақиқа рух додааст.