Activities calendar

29 июни 2022

АЗ ГУЗАШТА. Сӯтори ҷангал дар моҳи июн

Моҳи июни соли 2007 дар ноҳияҳои гуногуни Юнон бар асари гармои шадид, ки ба ҳадди 40 дараҷа болои сифр расида буд, сӯхтори азим 270 ҳазор гектар ҷангалро нобуд кард.

Вазъи басо пурхатар рӯзҳои 23-27 август рух дод, ки сӯхтор аз назорат пурра хориҷ шуд ва оташ метавонист кулли бешаҳои ноҳияи Олимпро ба хокистар табдил...

Заминларза дар кишвар: Маркази он Афғонистон буд. Дар Хоруғ 2 балл ва дар Душанбе эҳсос нашуд

Бино ба маълумоти Маркази зилзиласанҷии ҷумҳурӣ рӯзи 29-уми июни соли 2022 соати 09:30 дақиқа дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуд.

Бино ба гузориши манбаъ маркази ин заминларза  265 километр ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе ва 133 километр  ҷанубу ғарбиз  шаҳри Хоруғ дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буд.

Ҳушдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Аз гармои шадид эҳтиёт кунед!

Даҳаи охири моҳи июн бо пайғоми оғози гармои шадид барои кишвар ба поён мерасад. Аз ин ба баъд сокинони кишвар бояд худро ба гармиҳои шадид омода созанд. Бахусус касоне, ки сафарҳои роҳи дурро тарҳрезӣ кардаанд ва мехоҳанд аз гӯшае ба гӯшаи дигари кишвар раванд, бояд бештар эҳтиёт кунанд. Хавфи обхезӣ бар асари гармо ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ зиёд аст.