Activities calendar

17 июни 2022

Сабти зилзила дар кишвар дар асри имрӯз. Маркази он Афғонистон буд

зилзила дар кишвар

Ҳамагӣ чанд лаҳза пештар, дақиқан соати 17:25 дақиқаи вақти Душанбе Маркази зилзиласанҷии Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифт.

Бино ба иттилои манбаъ маркази он 315 километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 145 километр ҷанубу ғарби шаҳри Хоруғ дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон буд.

Қувваи заминларза дар маркази он 4 балл, дар шаҳри Хоруғи ВМКБ 3 балл ва дар шаҳри Душанбе 2 баллро ташкил дод.

Аз талафоти ҷонӣ ва хисороти дигар гузориш нарасидааст.

МАТОЛИБИ ҲАМСОН:

Борони шадиду селҳои шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави кишвар аз омадани селҳо дар минтақаҳои мухталиф ва шамоли сахт хабарҳо расиданд.

Чунончӣ, 16-уми июни соли 2022 боронҳои шадид дар қаламрави деҳаҳои Пит, Ҳадишаҳр, Пастиғав ва Ғурфкати ҷамоати деҳоти Иван-Тоҷики ноҳияи Масчои Кӯҳии вилояти Суғд сабаби омадани сел шуд. дар натиҷаи ин офат заминҳои