Activities calendar

18 июни 2022

Дидору мулоқотҳо дар Раёсатҳои Кумита

17 – уми июни соли 2022 дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати моддию техникӣ, хӯрокворӣ ва таъминоти нақлиёт ва Раёсати масъалаҳои кӯли Сарез мулоқоти ҳайати шахсӣ бо намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Вокуниши фаврӣ: Кумаки КҲФ ба деҳаи офатрасидаи Ғажне ва хонаводаи осебдидаи он. Дар Ғажне чӣ гузашт?

Дар асоси супориши Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси назоратии рўзи 14 июни соли 2022  гурўҳи корӣ дар ҳайати мутахассисони Кумита ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии  сардори Сарраёсати ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Кумита полковник Ҷамшед Камолов  ба мавзеъи...