Activities calendar

01 майи 2023

Ҷамъомади таълимиӣ-методӣ дар КҲФ

Дар Раёсати моддию техникӣ, хӯрокворӣ ва таъминоти нақлиёт и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади дурӯзаи таълимӣ – методӣ барои фармондеҳон ва муовинони сарфармондеҳон оид ба таъминоти ақибгоҳ, техникаи қисмҳои ҳарбӣ баргузор шуд.

Шаш нафар бар асари як садамаи мудҳиш дар роҳи Душанбе-Чаноқ ба ҳалокат расиданд

Ин ҳодиса соати 04:10 дақиқаи вақти маҳаллӣ рух дод. Ба Қисми навбатдоии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар расид, ки як мошин дар километри 154-уми роҳи мошингарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, ки аз қаламрави ноҳияи Айнӣ убур мекунад, ба ҷарӣ сарозер шуд.

Рӯзи мудофиаи гражданӣ дар як мактаби шаҳри Душанбе

Рӯзи мудофиаи гражданӣ

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ «Рўзи мудофиаи граждании намунавӣ» дар мавзўи: «Амали хонандагони муассисаи таҳсилоти умумӣ ҳангоми ба амал омадани заминларза» ташкил ва гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур муовини Раиси ноҳия, хидаматчиёни ҳарбии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи