Activities calendar

25 майи 2023

Раъду барқ дар Ховалинг як ҷавони 17-соларо кушт

Як сокини 17-солаи деҳаи Тагиҷари ҷамоати деҳоти Ҷонбахти ноҳияи Ховалинг аз зарби раъду барқ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид. Марҳум дар вақти боронҳои шадиду раъду барқ дар чарогоҳи кӯҳи машғули чорвочаронӣ буд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамвора дар...

Хабарҳои рӯзи гузашта. Ярч дар Файзобод 31 сар чорвои калонро ҳалок кард

Бар асари боронҳои пуршиддат дар қаламрави кишвар омадани селҳо ва ярч ба қайд гирифт ашуд. Талафоти ҷонӣ нест. Чунончӣ, 24 майи соли 2023 сооати  14:50 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар натиҷаи борони пуршиддат ва резиши жола дар ҳудуди деҳаҳои Чашмасор, Тилло Солеҳов ва Оҳуҷари ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон сел омад. Дар натиҷа қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон ва зироати кишоварзӣ зери об монд.