Activities calendar

15 майи 2023

Ҳушдори КҲФ аз тӯфони гарду ғубор дар қаламрави кишвар

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки рӯзҳои 16-17 майи соли 2023 ба сабаби тағйири обу ҳаво дар ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, навоҳии минтақаи Кӯлоб, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ҳавои олуда бо гарду чанг дар назар дошта шудааст.

Хокбориш ба қаламрави кишвар аз ноҳияҳои ҷанубу ғарб ва ҷанубии ҳаммарз бо кишвари мо ворид мешавад.

Машқҳои мудофиаи гражданй дар ВМКБ

Тибқи Нақшаи чорабиниҳои асосӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода барои соли 2023 аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ дар давоми се рӯз дар мавзӯи «Амалҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии давлатӣ дар рафъи оқибатҳ

Дар шаҳри Кӯлоб соҳили сойҳо ва дигар махзанҳои обтоза карда шуд

Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби аҳолии маҳаллӣ бо мақсади пешгирии  офатҳои табиии эҳтимолӣ, омадани сел ва ярч дар минтақаҳои хатарноки воқеъ дар ҳудуди шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҳашарҳо ташкил ва гузарониданд. Онҳо селроҳаҳо, соҳили каналу обанборҳо, сойҳо ва ҷӯйборҳоро тоза карданд.

Вохурӣ дар масоили пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ

15 майи соли 2023 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили донишҳо оид ба ҳуқуқҳо зидди амалҳои коррупсионӣ мулоқоти кормандон бо полковники адлия Насриддинзода Қиёмуддин Шовалӣ, муовини сардори Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.