Activities calendar

04 майи 2023

Санҷиши омодагиҳо ба мавсими оббозӣ дар вилояти Суғд

мавсими оббозӣ

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҲукуматиҶумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо мақсади фаъол гардонидани системаи хабардоркунӣ ва корҳои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар махзанҳои оби қаламрави вилоят дар минтақаҳои тафреҳии шоҳрҳои Хуҷанд, Гулистон, Конибодом ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ва Ҷаббор Расулов як сислсила корҳои таблиғотиро роҳандозӣ намуданд.

Онҳо ҳамчунин дар мавриди омодагии тафреҳгоҳҳои вилоят ба мавсими оббозӣ ва фасли гарми тобистон санҷишҳо гузарониданд.

Оғози корҳои таблиғотӣ ва пешгирӣ аз офатҳо дар пойтахти кишвар (ВИДЕО)

Оғози корҳои таблиғотӣ

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи бехатариву таъмини амнияти шаҳрвандон дар ҳолатҳои фавқулодаи табииву техногенӣ дар байни аҳолӣ то охири моҳи майи соли 2023 бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муштаракан бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар шаҳру ноҳияҳои тобеъи марказ корҳои пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулода гузаронида ҳоҳад шуд.